ДДХ: шароиту имконияти беҳтарини таҳсил барои донишҷӯён фароҳам аст
Бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои соли таҳсили 2023-2024 устодони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Гулистон сафарбар гаштанд.
Устодон бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, летсей ва гимназияи шаҳри Гулистон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон ва ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон мулоқот намуда, доир ба пешравию дастовардҳо, ихтисосҳои замонавии Донишгоҳ маълумот доданд.
Гурӯҳи корӣ дар давоми вохӯрӣ хатмкунандагонро бо ихтисосҳои факултетҳои ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва курси тайёрии Донишгоҳ, ки он довталабонро барои тайёр кардан ба имтиҳонҳои марказондишадаи дохилшавӣ тариқӣ Маркази миллии тестӣ ташкил карда шудааст, аз наздик ошно сохтанд.
Зимни мулоқот зикри ин нуқта рафт, ки рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст, ки хатмкунандагон бо интихоби яке аз ихтисосҳо, ба гирфтани унвони донишҷӯӣ сазовор гашта, дар оянда баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми мегузоранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил