ДДХ: Рӯзи Дониш бо шукуҳи хос таҷлил шуд
Рӯзи Дониш имсол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шукуҳи хос дошт. Соли таҳсили 2023-2024 дар ин муассисаи таълимӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оғоз гардид.
Ба ин муносибат дар саҳни бинои таълимии №1 чорабинии тантанавӣ сурат гирифт, ки дар он устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз дастовардҳои замони истиқлол ширкат намуданд.
Раиси вилоят ҷомеаи меҳнатӣ ва муҳассилини донишгоҳро ба ифтихори Рӯзи дониш ва дар иртибот бо оғоз ёфтани соли нави таҳсил самимона табрик намуда, тантана ва шаҳомати таҷлили ин рӯзро самараи истиқлол ва файзи ободиву озодӣ унвон намуд.
Роҳбари вилоят аз нақшу мақоми омӯзгорон дар таъмини рушди ҷомеа ва давлат таъкид намуда, намояндагони ин касби пуршараф ва масъулиятнокро мунавваргари роҳи зиндагӣ номид.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш маънидод намуда, таъкид доштаанд, ки калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд» - зикр дошт Раиси вилояти Суғд.
Таъкид гардид, ки шуруъ шудани соли нави таҳсил бо дарси сулҳ аҳамияти хос дошта, сокинони кишварро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша кунем.
Раиси вилоят бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил шудани Рӯзи дониш, ироа ёфтани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола дар Рӯзи дониш ба ҳукми анъана даромадааст, далели таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф арзёбӣ кард.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳз дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлол ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, сӯйи муваффақият ва музаффариятҳои тоза қадам гузошт.
“Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва муҳассилини боргоҳ ҳамеша аз таваҷҷуҳ ва дастгирии Сарвари давлат бархурдор буданд. Далели ин гуфтаҳо ташрифи мунтазами Пешвои миллат ба донишгоҳ унвон мешавад, ки давоми солҳои истиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Бо пешниҳоди ҷомеаи донишгоҳ ҳамчун рамзи сипос барои дастгирии мунтазам ва ғамхории пайвастаи Роҳбари олии мамлакат бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 17-уми июни соли 1996, таҳти №10 ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони доктори фахрии донишгоҳ дода шуд” – зикр шуд дар суханронии роҳбари вилоят.
Таъкид рафт, ки яке аз падидаҳои навтарине, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ маҳсуб меёбад. Ҳоло донишгоҳ бо 100 муассисаи таҳсилоти олӣ ва дигар ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои Амрико, Русия, Белорусия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Лаҳистон, Озорбойҷон, Англия, Олмон ва ғайра дар асоси шартномаҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Раиси вилоят дар назди роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ вазифагузорӣ намуд, ки фаъолиятро дар самти таъмини пешрафти тамоми равандҳои донишгоҳ таҳким бахшида, дар самти тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо сифати баланд идома бахшидани сохтмони бинои нави донишгоҳ, баланд бардоштани сифати таълим, илм, тарбия, тавсеа бахшидани робитаҳои байналмилалӣ, сазовор ҷашн гирифтани 115 – умин солгарди академик Бобоҷон Ғафуров аз дастуру супориши роҳбари вилоят буданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Аюб Усмонзода ба Раиси вилоят ҷиҳати ташриф ва таваҷҷуҳу дастгирии пайваста миннатдории ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро баён намуд.
Дар идома аз ҳисоби собиқадорони донишгоҳ профессори донишгоҳ Саидмурод Ҳоҷиев ба сухан баромада, дар мавриди рисолати донишгоҳ ва омӯзгорон, нақши донишгоҳ дар омода намудани мутахассисон, таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ибрози назар намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ду нафар донишҷӯ ҷиҳати омӯзиши илму дониш, зоҳир намудани масъулиятшиносӣ дар раванди таҳсил, ҳифзи обрӯву нуфузи донишгоҳ савганди донишҷӯӣ ёд намуданд.
Ифтитоҳи Хонаи модару кӯдак ва лабораторияи муосири тиббӣ аз идомаи тадбирҳои амалишуда маҳсуб ёфта, таҷлили Рӯзи дониш дар Донишгоҳ бо тамошои дастҷамъонаи Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи сохторҳои донишгоҳ анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил