ДДХ: Робитаҳои байналмилалӣ густариш меёбанд

Таҳкими робитаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ маҳсуб меёбад. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди ҳуқуқӣ оид ба рушди масоили байналмилалӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳамасола баҳри тақвияти ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи мамолики хориҷӣ чораҳои муҳимеро амалӣ менамояд.

Дар иртибот ба ин ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Усмонзода Аюб Ислом намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Русия азҷумла, ректори донишгоҳи мазкур Лазаренко Ирина Рудолфовна, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Волохов Сергей Павлович вамуовини ректор оид ба рушд ва рақамикунонӣ, Кайгородов Евгений Викторовичро ба ҳузур пазирифт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои судманд дар самти илму таълим ва густариши роибтаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба рушду густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнидонишгоҳӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо якчанд муассисаҳои оилии Федератсияи Русия шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки он барои инкишофи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва маорифи ҳар ду кишвар хизмат мекунад. Баҳри боз ҳам беҳтар гардидани ҳамкориҳои дуҷонибаДонишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар доираи он тартиб додан ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои якҷоя, мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён, гузаронидани тадқиқотҳои якҷояи илмӣ ва баргузор намудани конфронсҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва дигарчорабиниҳои илмӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ