​ДДХ: Оғози Спартакиада байни устодону кормандоy

Дирӯз дар толори варзишии факултети тарбияи ҷисмонӣ маросими кушодашавии Спартакиадаи «Саломатӣ»-и МДТ «Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» байни ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавӣ ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва мудирони шуъбаҳои тарбия ва кор бо ҷавонон, деканҳои факултетҳо ва ҳайати устодону профессорон ширкат намуданд.

Зикр шуд, ки Спартакиада бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммави гардонии варзиш миёни ҷомеа, бахусус устодон, интихоб намудани тими донишгоҳ баҳри иштирок дар Спартакиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ ташкил шудааст.

Спартакиада аз рӯи намудҳои баскетбол, шоҳмот, шашка, тенниси рӯи мизӣ, дартс давоми моҳи январ роҳандозӣ гардида, 18 даста аз раёсати донишгоҳ, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва факултетҳо байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар фарҷом ғолибони Спартакида бо сипосномаву ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадр карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ