​ДДХ: МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ ИЛМӢ ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар конфронси байналмилалии профессорон таҳти унвони “Дурнамои рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ”, ки рӯзҳои 17-18 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи Зармед (Zarmed University) баргузор гардид, имкониятҳои илмӣ ва таълимии худро муаррифӣ намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳ аз ҷумла, таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, рушди илм ва иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардиданд. Зикр карда шуд, ки Донишгоҳ ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1932 инҷониб фаъолияти пурсамар дошта, дар доираи зиёда аз 25 лоиҳаи байналмилалӣ, аз ҷумла барномаи Erasmus+ иштирок менамояд.

Ҳамзамон, ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки айни замон Донишгоҳ бо 36 муассисаи таълимии он кишвар ҳамкории фаъол дорад. Дар ин замина, густариши барномаҳои муштараки таълимӣ, магистратура ва докторантура, инчунин таъсиси марказҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.

Муаррифии Донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ дар намояндагии мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Гузалхон Мирсаминова сурат гирифта, иштироки ӯ дар кори конфронс аз ҷумла ба ҳайси модератор ба таври шоиста анҷом дода шуд.

Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ нишонаи рушди пайвастаи робитаҳои хориҷӣ ва таҳкими мавқеи «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар фазои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Маркази иттилоот ва студияи "Фурӯғ"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ