ДДХ мизбони олимпиадаи байналмилалӣ

Дар МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров" давраи ҷамъбастии олимпиадаи умумируссиягӣ ва давлатҳои хориҷӣ - "Технологияҳои когнитивӣ (барномарезӣ), ки аз тарафи ФИЛИАЛИ Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар шаҳри Душанбе (МИСИС) ташкил карда шуда буд, бомуваффақият гузаронида шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафар толибилмони болаёқати литсейи физикӣ-математикии ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки ба даври ниҳоиӣ озмуни бонуфуз роҳхат гирифта буданд, ширкат ва рақобат намуданд. Олимпиадаи мазкур бо роҳбарии устодони донишгоҳ Дилшод Музафаров, Гулнора Узоқова, ва Хушбахт Нуриллоев дар синфхонаҳои махсусгардонидашудаи донишгоҳ гузаронида шуд.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ