ДДХ - мизбони даври интихобии Олимпиадаи байналмилалии «IOI2022»
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз ҳисоби муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмун доир гардид. Ин ташаббус тариқи онлайн бо мақсади муайян намудани аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назар аст, моҳи август дар 34-умин Олимпиадаи байналмилалии «IOI 2022» аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» дар шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия баргузор мегардад, ба роҳ монда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ин иқдом дар донишгоҳ дар асоси мактуби Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» роҳандозӣ гардида, олимпиадаи мазкур байни хонандагони синфҳои 9-11 санаҳои 7-15 августи соли 2022 сурат хоҳад гирифт.
Интизор меравад, ки 9 нафар хонандагон вилояти Суғдро дар олимпиадаи мазкур муаррифӣ мекунанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил