​ДДХ: Конференсияи илмӣ-назариявӣ ба муносибати Рӯзи забон


Санаи 5-уми октябри соли равон бахшида ба Рӯзи забон давлатиӣ бо иштироки олимон ва устодону донишҷӯён дар толори калони раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ профессор Хайрулло Сабурӣ ҳусни ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт. Сипас, декани факултети филологияи тоҷик, дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева дар мавзӯи “Нусрати Истиқлол: рушди маориф ва забон” маърӯза намуда афзуд, ки дар баробари ба даст омадани истиқлоли миллӣ дар пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои бардошта шуда, бо сиёсати хирадгароёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд.

Тибқи барномаи конференсия дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Мӯсо Олимҷонов дар мавзӯи “Қонуни забон ва рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон” маърӯза ироа намуд. Номбурда таъкид дошт, ки қабули қонуни мазкур ба рушди минбаъадаи забони тоҷикӣ дар замони соҳиистиқлолӣ такони ҷиддиӣ бахшид. Дар идомаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода дар мавзӯи “Таҳрири нави қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ва номзади илмҳои филологӣ, профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Абдусаттор Абдуқодиров дар мавзӯи "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030: моҳият, матлаб ва вазифаҳо” маърӯза намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ