ДДХ: Густариши робитиаҳои байналмилалӣ

Раёсати донишгоҳ ҳамкориҳои худро бо донишгоҳу донишкадаҳои гуногуни давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда, фаъолияташро дар ин самт густариш медиҳад. Бо чунин мақсад Раёсати донишгоҳ дар ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” ширкат варзида, бо намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулолқот ва робитаҳои ҳамкориро густариш доданд. Зимни вохӯрӣ шартномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Намангон, Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Намангон ва Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии Намангон баста шуд. Дар ин замина ҷонибҳо доир ба таҳия ва нашри маводи илмии муштараки олимони донишгоҳ, гузаронидани конференсияҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ, тадқиқи мавзӯҳои илмӣ, табодули таҷрибаи устодон ва донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани курсҳо такмили ихисос, гузаронидани таҷрибаомӯзии магистрантон ва доктарантонро ба нақша гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти донишгоҳ баҳри густариши робитаҳои байналмилалӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намуда, дар самти баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар байни муассисаҳои олии хориҷи кишвар иқдомҳои заруриро минбаъд низ роҳандозӣ мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ