​ДДХ: ғолиби мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон дар мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ғолиб омад.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати «Рӯзи милитсияи тоҷик» байни дастаҳои яккачини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят роҳандозӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон бо дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Точикистон рақобат намуда, бо ҳисоби 2:0 ғолибият ба даст оварданд.

Интизор меравад, ки мусобиқа то 1 ноябр идома ёфта, ғолибон бо тӯҳфа ва ҷоми Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд қадрдонӣ мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ