ДДХ: Дастаи "Enactus" ба Пуерто Рико​ мераванд

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии "Enactus", ки дар шаҳри Хуҷанд миёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷойи аввалро сазовор шуд. Ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур дастаи "Enactus"-и донишгоҳ 4 лоиҳа оид ба фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои одамони бекор дар маҳалҳо, ба иҷора додани ҳуҷраҳои хонаҳои истиқоматӣ ва пешниҳоди дигар хизматрасониҳо барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди матоъ ва партов, самаранок истифодабарии замин ва роҳҳои рӯёнидани маҳсулот дар хонаҳои баландошёна пешниҳод намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа ҷойи дуюмро ДИСДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюмро ДДҲБСТ сазовор шуданд.

Интизор меравад, ки моҳи октябри соли 2022 аъзои дастаи "Enactus"-и донишгоҳ дар ҳайати 15 нафар дар даври байналмилалии мусобиқа, ки дар Ҷумҳурии Пуерто Рико бо иштироки дастаҳои 38 давлати ҷаҳон,баргузор мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон менамоем, ки ин сеюмин ғолибияти донишгоҳ дар озмуни "Enactus" маҳсуб ёфта, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қаблан чунин дастовардро соли 2007 ва соли 2015 соҳиб шуда буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ