ДДХ: Даҳрӯзаи омӯзиши пайкору осори Пешвои миллат эълон гардид

ДДХ: Даҳрӯзаи омӯзиши пайкору осори Пешвои миллат эълон гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров “Даҳрӯзаи омӯзиши пайкору осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” эълон гардид. Ба ин муносибат дар факултет ва кафедраҳои донишгоҳ силсилаи чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, дар доираи ин тадбир ташкили гуруҳи корӣ аз шумори олимону донишмандони соҳаҳои гуногун ҷиҳати мулоқот бо устодону муҳассилини донишгоҳ, намоиши бошукуҳи китоб вобаста ба корномаи Пешвои миллат, машғулиятҳои тарбиявӣ ва дигар анвои чорабиниҳо ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон, дар назар аст, ки дар сомонаи расмии донишгоҳ бахши алоҳида таҳти унвони “Пешвои маорифпарвар” ва вобаста ба ҳамин мавзуъ шумораи махсуси рӯзномаи “Нури маърифат” нашр мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Нақшаи умумидонишгоҳӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ