ДДХ: беш аз 12 ҳазор нафар Паёмро тамошо карданд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ тамошо карданд.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом таъкид дошт, ки дар Паёми навбатӣ низ чун анъана самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки Паёми Роҳбари олии мамлакат ҳуҷҷати роҳнамо маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба дастовардҳои арзанда барои кулли мардуми тоҷик ҳидоятномаи беҳтарин аст.
Профессор Аюб Усмонзода татбиқи босамари нуктаҳои Паёмро кафили таъмини пешрафт ва рушд унвон намуда, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои ин дастури муҳиму созанда масъулини сохтору факултетҳои донишгоҳро муваззаф намуд.
Таъкид гардид, ки ин навбат низ масоили марбут ба соҳаи илму маориф дар меҳвари Паём ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор гирифта, дар самти фароҳам овардани шароити арзанда барои кормандони соҳа дастуру супоришҳои судманд ироа ёфтанд.
“Баланд гардидани маоши кормандони соҳаи илму маориф дар ҳаҷми 20% далели ғамхорӣ ва дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ки мунтазам зоҳир мешавад. Ҷиҳати сазовор гардидан ба бовар ва ғамхориҳои Роҳбари олии мамлакат ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро зарур аст, ки тамоми дониш ва нерӯи худро равона намуда, аз тамоми имконият истифода баранд” – зикр дошт ректори донишгоҳ.
Ҷомеаи меҳнатӣ муваззаф гардиданд, ки дар самти татбиқи Паём ва сазовор пешвоз гирифтани 35 – умин солгарди истиқлоли давлатӣ фаъолиятро таҳким бахшанд.
Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро беш аз 12 ҳазор нафар устодону донишҷӯён тамошо намуданд, ки дар фаъолияти худ ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо мавриди истифода қарор хоҳанд дод.
Маркази иттилоот ва таҳлил