​ДДХ: Беш аз 10 ҳазор нафар Паёмро тамошо намуданд

Имрӯз, 28-уми декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, беш аз 10 ҳазор нафар устодону донишҷӯён бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ тамошо намуданд.

Дар тамоми бинои таълимӣ ва факултетҳои донишгоҳ техникаи муосири намоишӣ таъмин гардида, шароити мусоид барои тамошои мустақими Паём фароҳам оварда шуд.

Дар рафти тамошо, иштирокдорон ба суханони Пешвои миллат, ки дар бораи самтҳои асосии рушди кишвар – аз ҷумла таҳкими истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди маориф, илм ва технология, беҳдошти ҳифзи иҷтимоӣ ва густариши имкониятҳои ҷавонон буданд, бо диққати махсус гӯш доданд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ бори дигар таъкид намуданд, ки маориф ва илм, ҳамчун заминаи рушди устувори ҷомеа, бояд ба сатҳи нав бардошта шаванд. Зикр гардид, ки дастгирии кадрҳои илмӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз вазифаҳои асосӣ маҳсуб мешаванд.

Пас аз анҷоми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом суханронӣ намуда, аҳамияти Паёми Пешвои миллатро ҳамчун санади роҳнамои рушд муҳим унвон намуд.

Таъкид гардид, ки Паёми навбатии Роҳбарии олии мамлакат на танҳо дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуд, балки барои ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷомеаи илмӣ, вазифаҳои муҳим гузошт.

“Татбиқи Паёми Пешвои миллат барои рушди самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълим, густариши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди таълим ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат, нақши калидӣ хоҳад бозид” – афзуд ректори донишгоҳ.

Пас аз тамошои Паём омӯзгорон ва донишҷӯён андешаҳои худро дар бораи аҳамияти Паём иброз дошта, нақш ва масъулияти донишгоҳро дар татбиқи ҳадафҳои он таъкид карданд.

Аз ҷониби роҳбари донишгоҳ дастур дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи самараноки Паём дар донишгоҳ ташаббуси зарурӣ роҳандозӣ гардида, устодону донишҷӯён ҳамчун дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати созанда дар меҳвари фаъолияти худ қарор диҳанд.

P.s. Шарҳи муҳтаво ва нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми факултетҳои донишгоҳ оғоз гардида, тафсилот дар гузоришҳои минбаъда интишор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ