ДДХ: ба даври зимистонгузаронӣ солҳои 2023-2024 омодааст
Дирӯз бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ-молиявӣ Раҳмонзода Шараф, намояндаи РХДО подполковник Исломзода Алишер, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои маъсус Эҳсон Наврузов ва ҳайати кормандони шуъбаи маъмуриву хоҷагидорӣ ҷаласа доир гардид.
Нахуст подполковник Исломзода Алишер баромад намуда, оиди пешгирӣ намудани ҳолатҳои сухтор ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ибрози назар намуд. Зикр шуд, и ҳамасола дар Донишгоҳ 2 маротиба санҷиши нақшавӣ ва такрорӣ гузаронида шуда, камбудиҳо ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо ба манфиати кор аст.
Сипас Раҳмонзода Шараф баромад намуда, оиди сатҳи тайёрии Донишгоҳ ба зимистонгузаронии солҳои 2023 – 2024 маълумот дода, афзуд, ки ба Донишгоҳ тибқи нақша 81 300 тонна ангишт ворид шудаст. Қайд шуд, ки дар биноҳои таълимии №1 ва 2 дегхонаҳо дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта, дигар биноҳои таълимӣ бо гармкунакҳои равғанин пурра таъмин мебошанд. Ҳамчунин роҳравҳои ошёнаҳои биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳо бо равшанӣ пурра таъмин аст.
Гуфта шуд, ки бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани атрофи биноҳои таълимӣ, кӯчаву роҳравҳо ва саҳни он рӯзҳои шанбе аз ҷониби қисми хоҷагӣ дар ҳамкорӣ бо декани факултетҳо ва донишҷӯён пайваста чорабинии шанбегӣ гузаронида мешавад.
Маркази иттилоотт ва таҳлил