​ДДХ: Аз Рӯзи модарон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карданд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз Рӯзи модарон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар толори факултети санъат чорабинӣ доир гардид, ки дар он муовинони ректор, сардорони шуъбаву сохтор ва масъулину омӯзгорони факултетҳо иштирок намуданд.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои таълим Абдуфаттоҳ Раҳимов бонувони донишгоҳро дар иртибот ба Рӯзи модарон табрик гуфта, барояшон саодату саломатӣ, пирӯзиҳои навин ва дар иҷрои рисолати баланди омӯзгорӣ тавфиқи пайваста таманно намуд.

Таъкид гардид, ки нақши бонувони хирадманду соҳибмаърифат ҷиҳати таҳкими нуфузи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муассир буда, саҳми онҳо дар рушди илм ва расидан ба дастовардҳои назаррас калон аст.

"Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои муҳим ба роҳ мемонад ва чунин ибтикорро минбаъд низ тақвият хоҳад бахшид"-гуфт Абдуфаттоҳ Раҳимов.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар донишгоҳ аз ҳисоби занон 8 нафар профессор, доктори илм, 127 нафар дотсент, номзади илм, 23 нафар сармуаллима, номзади илм, 6 нафар муаллима, номзади илм, 117 нафар сармуаллима, 180 нафар муаллима, дар маҷмӯъ 482 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки 53,5%-и ҳайати кадрии донишгоҳро ташкил медиҳанд.

Инчунин қайд гардид, ки сол аз сол сафи номзадҳои илм дар донишгоҳ афзуда истодаанд, ки аксарияти рисолаҳои илмии ҳимояшуда дар солҳои охир аз ҳисоби занону бонувон мебошад. Чунончи, соли 2021 дар донишгоҳ аз 40 рисолаи номзадии ҳимояшуда 22 адад ё 55%-и онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд. Гузашта аз ин, аз 4 рисолаи докторӣ, ки давоми соли 2021 ба дифоъ расид, 2 нафар аз ҳисоби занон мебошанд, ки ин аз фаъолнокии занону бонувон ва рушди илм дар донишгоҳ дарак медиҳад.

Дар идома як қатор намояндагони раёсати донишгоҳ, деканони факултет, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ аз ҳисоби бонувон барои зоҳир намудани ташаббускорӣ, нишон додани масъулиятшиносӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои арзанда бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони маҳбуб ба чорабинӣ ҳусни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ