​ДДХ: 5 мақоми намоён дар Озмуни ҷумҳурияивии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ишғоли 5 ҷойи намоён ва 3 ҷойи ифтихорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми дуюмро соҳиб гашт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври ҷумҳуриявии Озмун “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳ панҷ мақоми намоён, аз ҷумла Худойбердиев Баҳманёр - донишҷӯи факултети филологияи тоҷик дар номинатсияи эҷоди назм ҷойи якум, Малоҳат Амакова - магистранти факултети забонҳои хориҷӣ дар номинатсияи эҷоди наср ҷойи якум, Назокат Орипова - донишҷӯи факултети филологияи тоҷик аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ ҷойи дуюм, Раҳимова Фарзона - донишҷӯи факултети филологияи рус аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон ҷойи сеюм ва Дилноза Холматова - донишҷӯи факултети забонҳои шарқ аз рӯи номинатсияи эҷоди назм ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Ҳамзамон, Ашрафзода Муҳаммадиқбол - донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, Абдуллоев Фаридуншоҳ - докторанти факултети филологияи тоҷик, Хоҷаев Умматалӣ - донишҷӯи факултети забонҳои шарқ мақоми ифтихориро соҳиб гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар самти омода намудани шогирдон ба Озмун ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" саҳми устодони Донишгоҳ дотсентон Ислом Раҳимов, Сорбон Азизов, Боҳир Раҷабов басо назаррас ва шоистаи таҳсин аст.

Ин дастоварди шоистаро аз номи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ба муҳассилин ва роҳбарони онҳо - самимона табрик мегӯем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ