​ДДХ: 37 комиссияи аттестатсияи давлатии хатм ҷараён дорад

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аттестатсияи давлатии хатм ҷараён дорад.

Бино ба иттилои масъулини раёсати таълим, феълан дар 18 факултети донишгоҳ 37 комиссияи аттестатсия амал намуда, аз фанҳои тахассусӣ имтиҳон ва дифои рисолаҳои хатм идома дорад.

Гуфта мешавад, ки хатмкунандагони ихтисосҳои алоҳида аз фанҳои тахассусӣ як имтиҳон супорида, рисолаи хатм ҳимоя мекунанд. Барои донишҷӯёни ихтисоси ҳамгиро аз фанҳои тахассусӣ ду имтиҳон ва дифои рисолаи хатм пешбинӣ шудааст.

Атесстатсияи давлатии хатм 13 майи соли 2024 оғоз гардида, дар назар аст, ки то 29 июн давом ёбад.

Феълан дар донишгоҳ дар баробари аттестатсияи давлатии хатм сессияи тобистона низ барои донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ҷараён дорад.

Имсол ба сессияи тобистона 7899 донишҷӯ роҳ ёфтаанд. Имтиҳони сессияи тобистона дар 456 гуруҳи академӣ сурат гирифта, дар маҷмуъ 3612 имтиҳон баргузор хоҳад шуд.

Аз ин теъдод, 1703 имтиҳон шифоҳӣ, 1598 имтиҳон тестӣ, 118 имтиҳон эҷодӣ ва 193 имтиҳони хаттӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷиҳати дар сатҳи шоиста ва шаффоф ҷараён гирифтани имтиҳонот дар донишгоҳ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин самт масъулин ва мутасаддиён мунтазам корбарӣ доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ