​ДДХ: 2300 бех навъҳои гуногуни ангур шинонида шуд

Ҷиҳати татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидояту роҳнамоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаҳои ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонии минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, Ҳоҷиҳусайн Мусозода, ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ва ҳайати устодону кормандон ширкат варзиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин маърака дар майдони 5,5 гектар замин зиёда аз 2300 ангури тоифӣ, президентӣ, ғалаба, ҳусейнӣ, сурх ва навъҳои дигар шинонида шуд.

Сарвари Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб зимни маъракаи ниҳолшинонӣ иброз дошт, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об корҳои муайян ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Зикр шуд, ки мақсади асосии фаъолияти минтақавии таълимиву илмӣ таҷрибавии “палос” баланд бардоштанисавияи илмӣ-амали донишҷўёниихтисосҳои география, экология, биология дар давоми таҳсил гузаронидани таҷриабомўзиисаҳроӣ, истеҳсолӣ иҷро намудани корҳои курсӣ, рисолаи хатм, инчунин бурдани тадқиқоти илмӣ докторантон, омўзгорон ва мутахасисони Дониишгоҳ муосидат мекунад. Илова бар инминтақ дар соҳаҳои гуногуниилм, барои иқлимкунии растаниҳои гуногун, зиёд кардани навъҳоибеҳтарини ангур, дарахтони боғотӣ ва ороишию ҳамешсабз бо мутахасисони соҳавӣ Маркази илмии хуҷандии АМИТ, олимони факултетҳои биология ва химия, геоэкология ва туризм дар ҳамкорӣ тадқиқотҳо бурда, усулҳои нави технологияи парвариши растаниҳоро дар минтақа ҷорӣ карда, бо онҳо донишҷўёнро шинос менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ