ДДХ: 19 ҷойи намоён дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

Нимаи дуюми моҳи августи соли ҷорӣ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ин давр 21 нафар донишҷӯён, магистрантон ва докторантони Муассисаи давлатии таълимии "ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" аз рӯи панҷ номинатсия байни дигар донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд фаъолона иштирок намуданд. 19 нафар донишҷӯён, магистрантон ва докторантон, аз ҷумла 4 нафар- ҷойи якум, 9 нафар- ҷойи дуюм ва 7 нафар ҷойи сеюмро ба даст оварда, ба даври ниҳоии Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар номинатсияи адабиёти классикӣ 4 ҷойи намоён, номинатсияи адабиёти муосир 2 ҷойи намоён, номинатсияи адабиёти ҷаҳон 2 ҷойи намоён, номинатсияи эҷоди назм 6 ҷойи намоён ва дар номинатсияи эҷоди наср 5 ҷойи намоён насиби донишҷӯён, магистрантон ва докторантони донишгоҳ гардид.

Чунончи, дар номинатсияи адабиёти классикӣ

1.Муҳаммадраҷабзода Сабрина -

донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик ҷойи 1-ум;

2.Орипова Назокатҷон Муҳиддинҷоновна - донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷик ҷойи 2-юм;

3.Зарипов Саидмуҳаммад Муслиҳиддинович -донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷик ҷойи 2-юм;

4.Бобоева Сабрина Ҷӯрабековна -

донишҷӯи курси 1-уми факултети забонҳои хориҷӣ - ҷойи 3-юм.

Дар номинатсияи адабиёти муосир

1. Ҷалилова Карима Абдуҳакимовна -

донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик ҷойи 2-юм;

2.Ҷӯраева Шоиста -

донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик ҷойи 3-юм;

Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон

1. Раҳимова Фарзона Исломҷоновна -

донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи рус ҷойи 1-ум;

2. Хоҷаев Умматалӣ Нуралиевич -

донишҷӯи курси 3-юми факултети забонҳои шарқ ҷойи 2 -юм.

Дар номинатсияи эҷоди назм

1. Худойбердиев Баҳманёр -донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик ҷойи 1-ум;

2. Холматова Дилноза Баҳромовна -

донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои шарқ ҷойи 2-юм;

3. Ашрапов Муҳаммадиқбол -

донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷик ҷойи 2-юм;

4. Қодирова Мадина Тоҳирҷоновна -

донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи рус ҷойи 3-юм;

5. Ашӯров Ҳизбулло -

донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик ҷойи 3-юм.

6. Хуҷаев Мусо Азизхӯҷаевич -

магистранти курси 2-юми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ҷойи 3-юм.

Дар номинатсияи эҷоди наср

1. Амакова Малоҳат Обидхӯҷаевна -

магистранти курси 1-уми факултети забонҳои хориҷӣ ҷойи 1-ум;

2. Фаридуншоҳ Абдуллоев -докторанти курси 1-уми факултети филологияи тоҷик ҷойи 2-юм;

3. Бахтиёрзода Манзура - донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик ҷойи 2-юм;

4. Абдуқодирзода Умия -донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик ҷойи 3-юм;

5. Руслани Эҳром донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик ҷойи 3-юм.

Тазаккур бояд дод, ки озмуни мазкур ҳамасола таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуда, ғолибони он қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ