Дави оммавӣ ва марафони дучархаронӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дави оммавӣ ва марафони дучархаронӣ доир шуд. Ин иқдом ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 -умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

Ташаббуси мазкур беш аз 3 ҳазор нафар устодону донишҷӯёнро фаро гирифта, дар он ҷомеаи меҳнатӣ фаъолона ширкат намуданд. Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом мақсад аз ин ибтикорро татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуда, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзишро аз ҳадафҳои меҳварии чорабинӣ номид.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 90 - умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони "90 соли комгорӣ ва саодат" нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар доираи он силсилаи чорабиниҳои мухталиф идома дорад, ки дави оммавӣ ва марафони дучархаронӣ аз зумраи ҳамин ташаббусҳост. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом ва ифтихорнома сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ