Дастовардҳо зиёд мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар баробари донишҷӯён мавқеи устодон низ фаъол аст.
Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ кам нест.
Ин навбат омӯзгори кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Домуллоҷонов Аҳмадҷон дар даври вилоятии озмуни мазкур иштирок намуда, аз рӯи номинаи ихтироъкорӣ сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмун гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Домуллоҷонов Аҳмадҷон дар озмун дастгоҳи хушккунаки офтобиро пешниҳод намуд, ки барои гирифтани патент ҷиҳати истеҳсоли он иҷозат дода шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил