​Дастоварди тозаи донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”

Донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва дизайн ба дастоварди назарраси эҷодӣ ноил гардиданд. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” аз рӯи номинатсияи санъати тасвирӣ дар бахши “Жанри санъати ороишӣ-амалӣ” донишҷӯёни факултет иштироки фаъолона намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Аз ҷумла, Абдураҳмонов Афрӯз бо дипломи дараҷаи 2 ва Воҳидов Абдуғанӣ бо дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардонида шуданд. Ҷоизаҳои мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Фирдавс Шарифзода тақдим карда шуд.

Муваффақияти донишҷӯён бозгӯи сатҳи баланди омодагии касбӣ, истеъдоди эҷодӣ ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба рушди санъати миллӣ ба ҳисоб рафта, мояи ифтихори ҳайати устодону донишҷӯёни факултет мебошад.

Қобили зикр аст, ки чунин дастовардҳо дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари миллӣ нақши муҳим дошта, барои боз ҳам фаъол гардидани ҷавонони соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ