​Дастоварди шоиста

Донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи тоҷик Бобобекзода Фараҳноз дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар ин бора аз садорати факултети филологияи тоҷик иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки Бобобекзода Фараҳноз дар олимпиадаи мазкур аз фанни забон ва адабиёти тоҷик иштирок намуда, ғолибият ба даст овард.

Хотиррасон менамоем, ки Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола миёни донишҷӯён аз рӯйи фанҳои таълимӣ сурат гирифта, дар он муҳассилини ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок ва рақобат менамоянд.

Бобобекзода Фараҳнозро ба муносибати ғолибият самимона табрик гуфта, барояш дастовардҳои бештар таманно мекунем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ