ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар доираи таҷлили Рӯзи илми тоҷик 24-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, аҳли илму маорифи кишварро гирди ҳам овард.
Дар натиҷаи хулосаи ҷамъбастии озмун Қаюмова Ойша – магистранти соли дуюми факултети математика, барои ғолибият дар Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» дар бахши илмҳои табиатшиносӣ сазовори қадрдонӣ гардид.
Ҳамзамон, Сомон Содиқов – унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷик барои ишғоли ҷойи дуюм дар Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯён дар бахши фанҳои гуманитарӣ, самти таърих, соҳиби ҷоиза гардид.
Муҳаммад Бекбӯтаев– донишҷӯи курси 3-юми факултети математика бошад, барои ишғоли ҷойи дуюм дар ҳамин озмун миёни донишҷӯён ва магистрантон дар бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар самти технологияи иттилоотӣ сарфароз гардонида шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи ғолибон бо диплом, ҷом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи хоссаи давлату ҳукумат ба рушди илму инноватсия мебошад.
Ин дастовардҳо бозгӯи сатҳи баланди омодагии илмии донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯёни Донишгоҳ буда, саҳми онҳо дар рушди илми ватаниро боз ҳам равшантар менамояд.
Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”