​Дастоварди донишҷӯёни ихтисоси хитойӣ-англисӣ дар озмуни бонуфузи байналмилалии “汉语桥” (“Пули чинӣ”)

Донишҷӯёни ихтисоси хитойӣ-англисии факултети забонҳои шарқ - Эргашева Бегзода, донишҷӯи курси панҷум ва Сулаймонова Фируза, донишҷӯи курси чаҳорум дар озмуни бонуфузи байналмилалии “汉语桥” (“Пули чинӣ”) ширкат варзиданд.

Дар даври аввали ин озмун, ки дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии Донишкадаи Конфутсий назди Донишгоҳи металлургии Тоҷикистон баргузор гардид, донишҷӯён иштирок ва ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ Сулаймонова Фируза ваЭргашева Бегзода сазовори ҷойи намунавӣ гардида, бо туҳфаҳои арзишманд ва сипосномаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардидаанд.

Иштирок дар озмуни “Пули чинӣ” барои донишҷӯён на танҳо як марҳилаи муҳими касбиву шахсӣ, балки таҷрибаи ғанӣ ва илҳомбахш ҷиҳати таҳкими донишу ҷаҳонбиниашон дар мавриди фарҳангу забони Чин гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ