Дастаи волейболбозони Донишгоҳ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мақоми ифтихориро касб намуд
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар дастаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мақоми дуюмро соҳиб гардид.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм дар чор марҳила доир гардида, дастаҳое, ки дар сатҳи вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳри Душанбе ғолиб шуданд, имконияти иштирок дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаро пайдо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол (духтарон) байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Точикистон дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии ҷавонон роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил