ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА – ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ ОЯНДАИ ОСОИШТА
Сулҳу субот неъмати бебаҳо ва муҳимтарин шарти пешрафту тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва пешоҳанги ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба яке аз марказҳои ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ, амният, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор табдил ёфт. Дар фазои пуртаниши сиёсии ҷаҳони муосир, ки хатари буҳронҳои доимӣ ва муноқишаҳои фаромиллӣ беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад, ташаббусҳои воқеӣ ва амалӣ барои ҳифзи сулҳ аҳаммияти таърихӣ касб кардаанд. Дар ин замина, қабул гардидани ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036» бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иқдоми созанда ва инсондӯстона дар сатҳи глобалӣ пазируфта шуд.
Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, қабули ин қатънома боз як дастоварди муҳимми сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб мешавад. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ, балки ташаббускори масъалаҳое мебошад, ки ба сарнавишти тамоми инсоният дахл доранд. Ин пешниҳод вокуниши мустақим ба воқеиятҳои ногувори ҷаҳони муосир аст. Имрӯз на танҳо минтақаҳои ҷудогона, балки тамаддуни башарӣ ҳамчун як организми ягона таҳти фишорҳои зиёди низоъ, терроризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои рақамӣ, қочоқи силоҳ, афзоиши идеологияҳои нафратангез ва шикасти муколама қарор дорад.
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036» ҳамчун як ташаббуси муҳим аз ҷониби Тоҷикистон буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорӣ ва талошҳои муштарак барои таъмини сулҳ ва амнияти комил даъват менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббуси мазкур талош мекунад, ки наслҳои оянда дар шароити сулҳ ва амният ба воя расанд. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо барои рушди дохилии кишвари худ, балки барои рушди устувор ва суботи ҷаҳонӣ низ талошҳои пайваста менамояд. Пешниҳоди мазкур заминаи роҳандозии як раванде аст, ки дар он давлатҳо на фақат бар пояи манфиат, балки бар асоси арзишҳои муштарак, масъулияти таърихӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар фаъолият мекунанд. Ин даҳсола метавонад асоси нави сиёсати байналмилалиро бар мабнои ҳамкорӣ, таҳаммул, ҳамзистӣ ва омӯзиши фарҳанги сулҳгузорӣ гузорад.
Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббус, таҷрибаи нодири сулҳбарқароркунии дохилии худро ба ҷаҳониён пешниҳод мекунад. Сулҳи тоҷикон, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омад, намунаи равшани муколамаи миллӣ ва созишкорӣ дар асоси ормонҳои умумибашарӣ буд. Имрӯз ҳамон фарҳанги сулҳ ва музокирот дар сиёсатҳои хориҷии Тоҷикистон идома ёфта, ба ташаббусҳои муҳимми байналмилалӣ табдил ёфтаанд.
Сулҳи ҳақиқӣ танҳо ба маънои набудани ҷанг нест. Сулҳи воқеӣ дар таҳаммул, риояи ҳуқуқи башар, баробарии имкониятҳо, ҳифзи муҳити зист ва амнияти озуқаворӣ ифода меёбад. Аз ҳамин ҷост, ки даъвати Тоҷикистон ба эълони ин даҳсола, сулҳро ҳамчун як фазои мукаммали зиндагӣ барои наслҳои имрӯзу фардо мефаҳмад.
Бо пешниҳод намудани қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036» Тоҷикистон боз як маротиба собит сохт, ки ҳарчанд як кишвари хурд дар масоҳат, аммо бузург дар дидгоҳ ва масъулиятшиносии глобалӣ аст. Дар ҳоле ки бисёре аз кишварҳои абарқудрат ба рақобатҳои геополитикӣ машғуланд, Тоҷикистон бо рӯй овардан ба ҳамкорӣ, оромиш ва манфиатҳои умумбашарӣ дидгоҳе пешниҳод мекунад, ки метавонад ба ҷаҳони олудаи ихтилофҳо умед бахшад.
Ташаббуси неку созандаи навбатии Пешвои маҳбубу муаззами миллатамон эҳсоси муҳаббату садоқатро беш аз пеш қавӣ сохта, масъулияти ҳар яки моро барои пойдории сулҳу оромӣ дучанд мегардонад. Ин қатънома моро водор месозад, ки ба оянда бо масъулияти бештар назар кунем, зеро он зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.
Бо чунин ташаббусҳои созанда Тоҷикистон бори дигар исбот намуд, ки метавонад дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, густариши муколамаи тамаддунҳо ва ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда нақши арзанда дошта бошад. Дастгирии якдилонаи ин қатънома аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон нишонаи эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ ба сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва эътирофи саҳми он дар таҳкими амнияти ҷаҳонӣ мебошад.
Сулҳ арзишест, ки бояд ҳамарӯза ҳифз ва тақвият дода шавад. Маҳз ҳамин андеша дар меҳвари ташаббуси нави Тоҷикистон қарор гирифта, метавонад барои бунёди ҷаҳоне, ки дар он наслҳои оянда дар фазои амният, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ зиндагӣ мекунанд, заминаи устувор фароҳам оварад.
Абдунаим Бердишукуров,
устоди кафедраи сиёсатшиносии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»