Дарсҳои кушоди онлайнӣ афзоиш доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми соли 2023-2024 дар маҷмуъ 709 дарси кушод доир гардид. Дар ин бора аз шуъбаи идоркунии сифати таҳсилот иттилоъ доданд.
Аз 709 дарси кушод 270 дарс дар сатҳи кафедра, 249 дар сатҳи факултет, 152 дар сатҳи донишгоҳ ташкил карда шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи дарсҳои кушод аз ҷониби устодон усулҳои фаъоли таълим, технологияи муосир, аз ҷумла тахтаи электронӣ, муаррифинома (презентатсия), варақаҳо, методҳои интерактивӣ судманд мавриди истифода қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра миқдори дарсҳои кушоди онлайнӣ дар қиёс ба соли гузашта зиёдтар ба роҳ монда шуданд. Соли таҳсили 2023-2024 дарсҳои кушоди онлайнӣ 38 ададро ташкил доданд, ки нисбат ба як соли пеш 12 адад бештар мебошанд.
Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси раёсати донишгоҳ солҳои охир ба масъалаи ташкили дарсҳои онлайнӣ таваҷҷуҳ бештар зоҳир мегардад. Зеро дарсҳои кушоди онлайнӣ имконият медиҳанд, ки доираи васеи устодон имконияти дастрасӣ ва иштироки маҷозӣ пайдо намоянд.
Тафсилоти бештар тариқи инфографика:
Маркази иттилоот ва таҳлил
P.S. Маводи мазкур дар доираи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисоси web-рӯзноманигорӣ таҳия шудааст.