Дарси озмунии "Муаллими сол - 2023" дар факултети санъати тасвирӣ ва технология

Дирӯз, дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дарси озмунии "Муаллими сол - 2023" аз ҷониби дотсенти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Салимбой Ҳасанов аз фанни таърихи санъат дар мавзӯи "Санъати Юнони қадим" бо иштироки аъзои комиссияи озмунии донишгоҳӣ барои курсҳои чаҳоруми ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, технология ташкил ва баргузор карда шуд.

Гуфта мешавад, ки дарси кушоди номбурда дар сатҳи баланд гузаронида шуда, барои рушди санъати тасвирӣ такони ҷиддӣ дода, донишҷӯён бо шавқу завқи беандоза дар раванли дарс фаъолият бурда, асарҳои номии санъати ҷаҳониро дар муқоиса бо санъати Тоҷикистон таҳлил намуданд.

Дар раванди таълим устоди пуртаҷрибаву солор Ҳасанов С. аз тахтаи электронӣ низ васеъ истифода бурданд, ғайр аз ин бо истифодаи муаммогузориҳои гуногуни мувофиқ ба мавзӯъ дарс шавқовар гузаронида шуд, ки ҳамаи донишҷӯён фаъол буданд. Бояд гуфт, ки ин ҳама даракдор аз маҳорати хуби омӯзгор мебошад.
Барои дарси озмунии кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Ҳасанов С. аз ҷониби аъзоён ва иштирокдорон баҳои баланд дода шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ