​Дарси намунавии таҷрибаомӯзон ба гурӯҳи кӯдакони тайёрӣ ба мактаб

Бо мақсади инкишофи малакаҳои касбӣ барои мушоҳидаи машғулиятдар гурӯҳи омодагӣ ба мактабва ёрии методиӣ расониданба раванди фаъолияти таҷрибаомӯзӣаз ҷониби декани факултет дотсент Муқаддас Шарифиён ва дотсент, мудирикафедраиназария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣМ.Азимовасармуаллими кафедраи психология ииҷтимоӣ ва касбӣҒ.Холиқов Ғ. баМуассисаи давлатии“Кӯдакистони Президентӣ”-и вилояти Суғд ташриф оварда, ба маҳғулияти таҷрибаомӯзон ширкат намуданд.

Аз ҷонибитаҷрибаомӯзон дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб “Дюмовочка” машғулияти намунавӣ аз фанни“Саводомӯзӣ”, дар мавзуи “Ҳарфи К” дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар раванди машғулият донишҷӯён-таҷрибаомӯзон фаъолияти хуби мураббигиро дарк намуда, машғулиятҳоисанҷишӣ- намунавиихудро дар сатҳи зарурӣ,бо истифодаи айёниятҳои дасти сохти рангоранг,маводи дидактикӣ ва бозиҳои шавқоваргузарониданд.

Зимни баргузории дарс ҳамаи қисматҳои он ба талабот ҷавобгӯ буда, таҷрибаомӯзон аз маводи намоишӣ, маводҳои тақсимотӣ, аёниятҳои дастисохт мувофиқ ба мавзуъ,воситаҳои техникӣ, ҳамзамон аз усулҳои интерактивӣ ба монанди чархи ақидаҳо, кластери содда васеъ истифода бурданд. Дар раванди машғулият кӯдакон фаъолӣ нишон дода, аз ҷонибитаҷрибаомӯз Азиза Тоштемирова азрӯи матни афсонаҳо нақшофарӣ нақшӣ очаро бо либосҳои мутобиқ ба мавзуъпӯшидашудадар сатҳи баландиҷро намуданд. Супоришҳое ки аз тарафитаҷрибаомӯзон дода мешуд, сари вақт иҷро гардида, дар бозиҳои дидактикӣ ва лаҳзаҳои дамгирӣ ба шавқу завқи зиёд кӯдакон иштирок менамуданд.

Дар интиҳо иштирокчиён ҳар як қисмати дарсро дар алоҳидагӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, фикру пешниҳодҳояшонро баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ