Дарси намунавӣ: “Сайёҳӣ ва саёҳат – Tourism and tavelling”
Дар кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ аз фанни “Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ” дарси кушод доир шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод дар мавзӯи “Сайёҳӣ ва саёҳат – Tourism and tavelling” ба роҳ монда шуд.
Саромӯзгор Ғиёсова дар раванди дарс усулҳои наву фаъоли таълим ва слайдҳои ҷолиби диққат доир ба мавзӯи дарс мавриди истифода қарор дод. Дар лаҳзаи ташкилии дарс дар бораи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Дар синфхона бо истифода аз аёниятҳои ҷолиби диққат муҳити саёҳат ва сайёҳӣ фароҳам оварда шуд. Мустаҳкамкунии маводи дарси гузашта низ бо истифода аз аёният ва слайдҳо гузаронида шуд.
Донишҷӯён дар дарс фаъолона иштирок намуда, дар дарс машқҳои зиёди интерактивӣ ва коммуникативӣ ба таври ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ иҷро шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил