​Дарси намунавӣ дар мавзӯи "Ишорати шартии масолеҳҳо дар буриш ва буришгоҳ"

Дар факулети санъати тасвирӣ ва технология бо донишҷӯёни соли якум дарси кушод доир гардид. Ин ташаббус аз ҷониби дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Олов Саидмаҳмад аз фанни нақшакашӣ ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод дар мавзӯи “Ишорати шартии масолеҳҳо дар буриш ва буришгоҳ” гузаронида шуд.

Дар дарси кушод садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони ҷавони факултет иштирок намуданд.

Дар доираи дарси кушод аз муаррифӣ ва тахтаи электронӣ ба таври самаранок истифода карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ