Дарси кушоди тарбиявӣ: “Иди Ғалаба – иди далерию шуҷоат”
Дар факултети забонҳои хориҷӣ дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони “Иди Ғалаба – иди далерию шуҷоат” аз тарафи муаллими калони кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ Қобилова Фариза доир гардид.
Дарси мазкур бо ҷалби донишҷӯёни гурӯҳи 208 “а” (ихтисоси забони англисӣ-забони олмонӣ) ба роҳ монда шуд.
Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо ба саъйу талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳ шеърҳо доир ба хештаншиносиву муҳаббат ба Ватан қироат карда шуда, саҳнаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.
Муовини ректор оид ба тарбия дотсент Маҳмудзода Бахтиёр зимни суханронӣ иброз кард, ки мақому манзалати Рӯзи Ғалабапобарҷо буда, гувоҳи сиёсати пайгиронаи эҳёбахши сарвари бофарҳангу миллатдӯсти давлати тоҷикон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дарси мазкур тариқи онлайнӣ низ ба тамоми факултетҳои донишгоҳ манзур гардонида шуд.
Маркази итилоот ва таҳлил