Дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба З0 - солагии Иҷлосияи тақдирсоз​

Бо ибтикори устоди кафедраи технологияҳои иттилоотии факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ дарси кушоди тарбиявии . дар мавзуи "Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон" бахшида ба З0 - солагии Иҷлосияи тақдирсоз баргузор гардид.

Дар ҷараёни машғулият ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, мудири шӯъбаи тарбия Шомирзоев Бахтиёр. декани факултет Гулнора Узоқова, мудирони кафедра ва омӯзгорони факултет ширкат варзиданд.

Устод дар ҷараёни дарс аз аёниятҳо ва технологияи муосир фаровон истифода намуда, моҳият ва мазмуни мавзуъро ба ҳамин васила ба донишҷӯён фаҳмонида дод. Зикр гардид, ки дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомўш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Дар идома ректори донишгоҳ Усмонзода Аюб баромад намуда, перомуни мавзуи баррасишаванда фикру мулоҳизаҳояшро иброз намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик мебошад, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши барҷаста дорад.

Ҳадафи баргузории чунин дарсҳои тарбиявии намуданавӣ дар ниҳоди донишҷӯён бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва огаҳи пайдо намудани онҳо аз таъриху фарҳанги миллӣ унвон шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ