​Дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ дар мавзуи назарияи нисбият

Дар кафедраи методикаи таълими физикаи факултети физикаю техника дарси кушоди сатҳи донишгоҳии ассистенти кафедра Раҳимов баргузор гардид. Дарс бо иштироки донишҷӯёни бахши сеюми ихтисоси физика-математика дар мавзуи “Методикаи ҳалли масъалаҳо доир ба элементҳои назарияи нисбият” аз фанни “Практикуми ҳалли масъалаҳо аз физика” гузаронида шуд.

Дар ҷараёни дарс, мафҳумҳои асосии назарияи нисбият бо истифодаи методҳои фаҳмо ва муассир шарҳ дода шуда, формулаҳои корӣ бо тавзеҳоти содда ва равшан исбот гардиданд. Баъдан, ҳалли масъалаҳои амалии вобаста ба мавзуъ сурат гирифт, ки донишҷӯён тавонистанд мавзуъро амиқтар дарк намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ