Дарси кушоди онлайнӣ: Методикаи таълими асосҳои мантиқии компютер дар синфи 11

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва касбияти омӯзгорон, инчунин дар доираи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” санаи 28-уми октябри соли 2022 дарси кушоди лексионии дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотии факултети математика, дотсент Раҷабова Саодат дар мавзӯи “Методикаи таълими асосҳои мантиқии компютер дар синфи 11” барои донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси информатика баргузор гардид.

Ин таҷриба дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бори аввал буда, натиҷаи хуб нишон дод. Дар дарси мазкур намояндагони факултетҳои донишгоҳ тариқи платформаи Zoom иштирок доштанд.

Оид ба ҷамъ намудани фикуру дархости омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ доир ба ташкили дарси онлайн дар системаи иттилоотии донишгоҳ равзанаи пешниҳоди фикру дархост ташкил карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ташкил ва гузаронидани чунин онлайн – дарсҳо тибқи нақшаи корӣ марҳила ба марҳила дар назар аст.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ