​Дарси кушод: Зарядҳои электрикӣ ва хосиятҳои онҳо

Дар донишгоҳ баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар робита ба ин дирӯз дар факултети физикаю техника дарси кушод аз тарафи Умаров Насимҷон - дотсенти кафедраи назарияи физика, дар мавзӯи “Зарядҳои электрикӣ ва хосиятҳои онҳо. Тақсимоти зарядҳои электрикӣ дар фазо” ба донишҷӯёни курси 3-уми шӯъбаи фосилавӣ бо иштироки дотсент Парвиз Пӯлодов - декани факултет ва омӯзгорони кафедра гузаронида шуд.

Омӯзгор ба дарс бо тайёрӣ ворид гардида, мазмуну мундариҷаи дарсро кушода дод. Дар зимн мсъалаҳои заряди электрӣ, хосияти модда, зарраҳои субатомикӣ, қувваҳои ҷалбкунӣ ё бозгашти байни онҳо, тавассути майдонҳои электромагнитӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар идома перомуни масъалаҳои зарядҳои барқӣ ва роҳҳои эҷод ва нобуд кардан он, зарядӣ барқ, намуди заряди барқ, хусусиятҳои заряд ва қонуни кулон музокираи судманд сурат гирифт.

Ҳамзамон дар ҷараёни машғулият аз таҷҳизоти муосири таълим, ба монанди тахтаи электронӣ ва слайдҳои ҷолиб фаровон истифода бурда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ