​Дарси кушод: усули интерактивии қабули кӯдак дар муассисаҳои томактабӣ

Бо ташаббуси устоди кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Маҳина Исматова бо донишҷӯёникурси 1-уми, гуруҳи 106 ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ (шакли таҳсил бо забони русӣ) дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ дар мавзуи “Основы культуры здоровья у детей дошкольного возраста”, бо иштироки мудири бахши мониторинг, таҳлил ва банақшагирии рушди сифати таҳсилот Абдушаҳид Миршоев ва мудири кафедра Мансур Луфов ва ҳайати устодон баргузор гардид.

Дарс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, бо ташабуси донишҷӯён бо усули интерактивӣ яъне қабули кӯдак дар муассисаҳои томактабӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, дар қисми ташкили хеле хуб нишон дода шуд.

Дар идома устод дар ҷараёни машғулият аз усулҳои фаъоли таълим фаровон истифода намуда, мазмун мундариҷаи мавзуъро ба шогирдон муфассал шарҳу тавзеҳ дод. Ҳамчунин дар ҷараёни дарс муаррифӣ, айёният, айёниятҳои дастисоз, усулҳои гуногуни таълим: дарахти саломатӣ,варақаҳо ва бозии дастисоз майдони мӯъҷизот васеъ истифода гардид, ки ҷиҳати бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён ба илмандӯзӣ хуб арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ