​Дарси кушод: Таърихи дизайну сару либос ва мӯд

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дарси кушоди намунавии дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он Муҳарам Дадобоева дар мавзӯи “Таърихи дизайну сару либос ва мӯд” гузаронида шуд.

Дар оғоз устод доир ба вазъи кунини ҷаҳони муосир рафтору кирдори донишҷӯён дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва тарбияиҷавонон дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳифзи моликиятиҷамъиятӣ сухан кард. Дар ҷараёни дар устод кӯшиш намуд аз воситаҳои фаъоли муосири таълим васеъ истифода барад.

Муаррифиимавзӯинавбовоситаи проекторнишондода шуд, ки он ба барномаи таълимӣва самти тахассусии донишҷӯён мувофиқат мекард.

Дарси кушоди дотсент Муҳарам Дадобоева лексионӣ буда, ба намуди лексия вобаста гузаронида шуд. Рафти гузаронидани машғулияти мазкур ба талаботҳо мувофиқ буд. Нутқи омӯзгор бурро, фаҳмо тасвирҳои муаррифии фан босифат ва мувофиқи мақсад буданд.

Омӯзгор бо овардани мисолҳои мушаххас ва шарҳи истилоҳоти соҳавӣ муҳтавои мавзуъро ба донишҷӯён кушода дод.

Дар қисми мустаҳкамкунии дарс миёни устод ва шогирдон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази итилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ