​Дарси кушод: Таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси Шаҳло Турсунова - саромӯзгори кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ дарси кушоди соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” ташкил ва баргузор гардид.

Дарс ба таври комил фарогири мавзуъ буда, донишҷӯён қобилияту лаёқат ва заковати худро намоиш дода, аз тарафи онҳо шеъру суруд, гуфторҳо, лавҳаҳои видеоӣ, муаррифиҳо доир ба мавзуъ омода ва пешниҳод гардиданд.

Дар ҷамъбасти дарс Заррина Ахмедова - муовини декан оид ба тарбия сухан карда, мулоҳизоти худро оид ба мавзуъ иброз дошт.

Зикрг гардид, ки дар шароити кунуни қонуни мазкур барои инкишофи оилаву оиладорӣ, таълиму тартбияи ҷавонон, дар рӯҳияи ватандўстию ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо ва худшиносию худогогӣ мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ