Дарси кушод: “Сохт ва принсипи кори компютери фардӣ”
Дар факултети физикаю-техника аз ҷониби дотсент Махмудова Нигора дарси кушод доир шуд. Дарси мазкур бо иқдоми кафедраи электроника сурат гирифт.
Дарс бо иштироки донишҷуёни гурӯҳи 305-уми ихтисоси электроникаи тиббӣ баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ин дарс аз фанни интихобии “Сохт ва принтсипи кори компютери фардӣ” дар мавзуи “Таърихи пайдоиши ширкати INTEL. Тарзи истифодаи протсессор” гузаронида шуд.
Омӯзгор дар дарс аз усулҳои салоҳиятнокии таълим истифода намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил