​Дарси кушод: Шакли мафъули феъл

Дар кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ дарси кушод таҳти роҳбарии омӯзгор Солиева Т. бо донишҷӯёни гурӯҳи 205 дар мавзӯи “Шакли мафъули феъл – The Passive Voice” гузаронида шуд. Омӯзгор ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таъли ва слайдҳои ҷолиб тавассути нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти дарсро фаҳмонд.

Дар қисми мустаҳкамкунӣ аз машқҳои гуногуни коммуникативӣ барои сайқал додани нутқи гуфтугӯии донишҷӯён истифода карда шуд. Умуман дарси омӯзгор аз ҷиҳати методӣ мақсаднок ва дуруст ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ