Дарси кушод: Рӯзгор ва осори Умари Хайём
Кафедраи адабиёти класскии тоҷик муттасил дар се сатҳ: кафедра, факултет ва донишгоҳ дарсҳои кушод доир намуда, барои беҳдошти сатҳу сифати машғулиятҳои назарӣ, амалӣ ва корҳои мустақилона куӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар робитаи ба ин дар синфхонаи №12-и факултети филологияи тоҷик дарси кушоди дотсенти кафедра Саидумрон Саидов дар гурӯҳҳои 203,204 ва 211 таҳти унвони “Рӯзгор ва осори Умари Хайём” баргузор гардид. Дарси назарӣ бо истифода аз воситаҳои аёнӣ ва муаррифии мавзуъ хеле пурмазмуну шавқовар гузаронида шуд. Устод доир ба сарчашмаҳои омӯзиши аҳволу ашъори Хайём, муҳаққиқони осори суханвар, зодгоҳ, мақбара, фаъолияти илмиву адабӣ, мавзуву мундариҷаи рубоиёти суханвар, хусусиятҳои рубоиёти ӯ, ҷанбаҳои ҳунарии рубоиёти Хайём ва ғайра маълумоти дақиқ дода, роҳҳои маърифати дурусти рубоиёти Хайёмро ба донишҷӯён ироа намуд. Дар масъалаи муайн кардани рубоиёти асили Хайём ва заминаҳои омезиш пайдо намудани рубоиёти ин шахсияти адабӣ бо суханварони дигар, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон иттилооти хуб дода, бо санадҳои мушаххас онҳоро собит кард.
Дотсент Саидумрон Саидов дар ҷараёни машғулиятҳои кӯшиш намуд, ки шогирдонро ба шинохти осори асил ва маърифати дурусти осори адабӣ ҳидоят намояд.
Дар маҷмӯъ, дарси кушоди дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик, Саидов Саидумрон аз ҷумлаи дарсҳои намунавӣ ба ҳисоб рафта, бисёр ҷиҳатҳои омӯхтанӣ дошт.
Маркази иттилоот ва таҳлил