​Дарси кушод: “Рукни асосии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ”

Бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси “Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит” дар мавзуи “Рукни асосии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ” дарси кушод доир гардид. Ташаббуси мазкур аз тарафисармуаллимаи кафедра Мадаминова Нигина ба роҳ монда шуд.

Дарси намунавӣ бо Суруди миллӣ оғоз гардида, дар доираи он аз тарафи донишҷӯён дар васфи Ватан шеърҳо қироат ва саҳнаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуд.

Аз ҷониби омӯзгор мавзуи нав “Рукни асосии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ” ба донишҷӯён фаҳмонида шуд.

Муовини ректор оид ба тарбия дотсент Маҳмудзода Бахтиёр доир ба аҳаммияти дарсҳои намунавии тарбиявӣ сухан намуда, ҷавононро барои гиромидошти арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ҳидоят намуд.

Бо иҷрои суруд таҳти унвони “Тоҷикам” аз ҷониби донишҷӯён дарси тарбиявӣ ба анҷом расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ