​Дарси кушод: “Омӯзиши Тонометр. Намудҳо, усулҳои истифодабарии онҳо дар соҳаи тиб”

Дар кафедраи электроника дарси кушоди дотсенти кафедра Тошхоҷаева Сурайё бо донишҷӯёни курси дуюм сурат гирифт.

Дарс аз фанни физикаи тиббӣ дар мавзуи “Омӯзиши Тонометр. Намудҳо, усулҳои истифодабарии онҳо дар соҳаи тиб” доир шуд.

Омӯзгор бо истифода аз низоми салоҳиятнокӣ мазмун ва моҳияти мавзуи навро ба донишҷӯён шарҳ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки тонометр – аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш “tonos” – шиддат ва “metreo” – чен кардан мебошад. Тонометр таҷҳизоти ташхиси тиббӣ буда, барои чен кардани фишори хун истифода бурда мешавад.

Дар рафти дарс донишҷӯён бо роҳу усулҳои истифодабарӣ, сохт ва тарзи кори таҷҳизотҳои тиббӣ шинос шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ