Дарси кушод: ноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ
Дар факултети геоэкология ва туризм дарси кушоди намунавии омӯзгори кафедраи географияи табиӣ Парвиз Ҳоҷиматов аз фанни “Географияи табиии вилояти Суғд” дар мавзуи “Ноҳияҳои табиии вилоят. Ноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ” бо гурӯҳи 301 – и ихтисоси “география” баргузор гардид. Дар дарси кушод доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Садириддин Абдураҳимов ва ҳайати устодон ишитрок намуданд.
Дарси кушод ба усули интерактивӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни машғулият айёниятҳои нави таълим истифода бурда шуд. Омӯзгор дар давоми дарс ба донишҷӯён дар бораи мавқеи табиӣ, релеф, сохти геологӣ, канданиҳои фоиданок, иқлим, обҳои дохилӣ, пӯшиши хок, оламу наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистони Шимолӣ маълумот дод.
Ҳамчунин муаллим дар раванди дарс доири мавзуи зикршуда машғулиятҳои амалӣ гузаронида, бо истифода аз аёниятҳо ва муаррифиҳои ҷолиб ба восита нурафшон (проектор) бо таҳлилҳои ҳамаҷониба ноҳияҳои табиии вилоят. Ноҳияи Тоҷикистони Шимолиро ба донишҷӯён фаҳмонд.
Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушоду намунавӣ баланд бардоштани донишҳои назариявию амалӣ ва саҳмгузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” арзёбӣ мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил