Дарси кушод: Методҳои тадқиқотии фанни педагогикаи махсус
Дар факултети психология ва таҳсилоти томактаби дарси кушоди сатҳи кафедра аз фанни олигофренопедагогикаи умумӣ ва томактабӣ таҳти роҳбарии омӯзгор Сабоат Зоидова бо донишҷӯёникурси якум гузаронида шуд. Мавзуи дарс “Методҳои тадқиқотии фанни педагогикаи махсус” унвон дошта, дар он мудири кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ дотсент Мансур Луфов ва ҳайати устодони кафедра ширкат варзиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни машғулият устод аз усулҳои фаъоли таълим аёниятҳо аз ҷумла муаррифӣ, айёниятҳои дастисоз, нақшофарӣ, кор бо асбобҳои айёнӣ барои корҳои ислоҳнамоӣ, намоиш, варақаҳо ва амсоли инҳо фаровон истифода намуд.
Зимнан омӯзгор муносибатро дар раванди дарс бо шогирдон нисбат ба машғулият ҷиддӣба роҳ монда, фаъолнокии донишҷӯён дар мушоҳида мегардид ва онҳо кӯшиш намуданд, ки оид ба донишҳои назариявӣ ва сарчашмавии фанни олигофренопедагогикаи умумӣ ва томактабӣ аз бар намудаашонро бо ошноӣ пайдо намудан нисбати корҳои ислоҳӣ маълумоти беш ба даст оварданд.
Дар интиҳои дарс миёни устод ва шогирдон перомуни мавзуи баррасигардида мубодилаи афкор ҷраён гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил