​Дарси кушод: “Маълумоти умумӣ дар бораи нақшаҳои васлия”

Аз ҷониби профессори кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Исломов Озод дар мавзуи “Маълумоти умумӣ дар бораи нақшаҳои васлия” дарси кушод доир гардид.

Омӯзгор дар раванди дарс бо истифода аз технологияи муосир, тахтаи электронӣ ва усулҳои фаъоли таълим мавзуъро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи нақшаҳои васлия ба донишҷӯён маълумот манзур намуд.

Ҳадафи асосии баргузор намудани дарси кушод ғанӣ гардонидани таҷрибаи педагогии омӯзгорони ҷавони кафедра ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ