​Дарси кушод: "Имлои ҳиссача ва нидо"

Дар факултети математика дарси кушод доир гардид. Ин ташаббус аз ҷониби дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ дотсент Ҳомидова Замира ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод бо иштироки донишҷӯёни соли якум доир гардида, ба мавзӯи «Имлои ҳиссача ва нидо» бахшида шуд.

Дарс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, дар доираи он аз ҷониби омӯзгор бо истифода аз усулҳои муосир мавзуъ шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо назардошти тағйиру иловаҳои нав ба донишҷӯён фаҳмонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ